Ҷуворӣ
Ҷуворӣ (лотинӣ: Sorghum) (форсӣ: سورگوم), ҷаварӣ ҷинси гиёҳҳои як ё бисёрсолаи хӯшадор. Патакрешааш ба чуқурии 250 – 300 см паҳн мешавад. Пояаш рост, то 3 – 4 м (дар заминҳои обӣ баъзан то 5 – 6 м) қад мекашад, рангаш сабзи тира. Дар ҳар буттаи Ҷуворӣ аз 1 то 5 ва зиёда аз он поя ҳосил мешавад. Баргаш тасмашакли дароз, бо навбат ҷой гирифтааст (рангаш сабз). Гулаш дуҷинса, хӯшагулаш парешоншоха, зич ва ҷорӯбшакл. Донаш мудаввар ё тухмшакли сафед, хокистарӣ, сурхи ҷигарӣ, сиёҳ (вазни 1000-тоаш 25 – 50 г). Ҷуворӣ рустании гармипарвард буда, тухмаш дар ҳарор. 18 – 200 саросар неш мезанад. Майсаи Ҷуворӣ дар сармои 1,5 – 20С нобуд мешавад. Барои нашъунамои Ҷуворӣ ҳарор. мувофиқтарин 30 – 340 мебошад, вале ба ҳарор. 400 ва бештар аз он ҳам тоб меоварад. Ҷуворӣ дар заминҳои обӣ нисбат ба заминҳои лалмӣ ду баробар зиёдтар ҳосили дон ва баргу пояи сабз медиҳад. Он дар хокҳои гуногун нашъунамо мекунад. Давраи нашваш 90 – 100 (навъҳои тезпазак), 115 – 125 (миёнапазак) ва 130 – 145 рӯз (дерпазак).
Ҷуворӣ баъди гандум ва шолӣ дар ҷаҳон сеюмин зироати ғизоӣ мебошад. Онро дар Ҳиндустон ва Хитой дар ҳазораи сеюми то м. мекоштанд. Ба Осиёи Марказӣ Ҷуворӣ-ро 2500 сол пеш аз Ҳиндустон овардаанд. Дар Тоҷикистон дар навоҳии вил. Хатлон, Суғд ва водии Ҳисор кишт карда мешавад. Меъёри кишт 10 – 12 кг/га. Дар сурати дуруст ба роҳ мондани ғизодиҳӣ, обмонӣ ва тадбирҳои дигари агротехникӣ аз ҳар га ҷуворизор 30 – 50 сентнер дон ва 800 – 1200 сентнер баргу пояи сабз гирифтан мумкин аст.
Дар таркиби Ҷуворӣ ба миқдори зиёд витамини В1 (тиамин) мавҷуд аст. Тиамин барои фаъолияти хуби мағзи сар, дил, мушакҳо, меъда аҳамияти калон дорад. Тиамин организмро аз таъсири табоҳсозандаи шароб ва тамоку ҳифз менамояд. Ҷуворӣ ҳамчунин аз витамини Н бой аст. Вай дар организм дар синтези глюкоза, таҷзияи кислотаҳои равған иштирок карда, ба мубодилаи моддаҳо таъсири мусбат мерасонад, миқдори қанди таркиби хунро танзим менамояд. Фосфори таркиби Ҷуворӣ манбаи асосии ҳосил шудани кислотаҳои фосфат мебошад[1].
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ҷуворӣ аз Энсиклопедияи Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон https://tajmedun.tj/publ/uvor/27-1-0-3451(пайванди дастнорас)