Jump to content

Сулукта

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳр
Сулукта
қирғ. Сүлүктү
Акс:File:The Sulyukta Sign.JPG
39°56′ с. ш. 69°34′ в. д.HGЯO
Кишвар  Қирғизистон
Вилоят Бодканд
ноҳия Лайлак
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1868
Масоҳат
  • 18 км²
Баландии марказ 1 380 ± 1 м
Минтақаи замонӣ UTC+6:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Нишонаи почта 720500

suluktu.kg
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Сулукта дар харитаи
Сулукта
Сулукта
 Парвандаҳо дар Викианбор

Сулукта (қирғ. Сүлүктү) - шаҳри тобеи вилоят, дар вилояти Бодканди Қирғизистон. Сулукта яке аз калонтарин конҳои истихроҷи ангишти Қирғизистон мебошад. Аҳолӣ — 24,7 ҳазор нафар (2009).

Сулукта яке аз қадимтарин марказҳои истихроҷи ангишт дар Осиёи Миёна мебошад. Рушди истихроҷи конҳои ангишт дар Сулукта соли 1868 оғоз ёфтааст. Пайдоиши шаҳраки Сулукта аз ҳамон вақт сарчашма мегирад. Соли 1932 аз тобеияти вилояти Хуҷанд, тумони Нов бароварда шуда ба ҳайати ҶАШС Қирғизистон гузашт. 20 августи соли 1934 Президиуми Кумитаи иҷроияи марказии умумирусиягӣ қарор кард "Шаҳри Фрунзе ва шаҳракҳои коргарнишини Қизил-Кия ва Сулуктаи ҶМШС Қирғизистон аз рӯйхати маҳалҳои аҳолинишини ноҳия бароварда ба воҳидҳои мустақили маъмурию иқтисодӣ, ки мустақиман ба Кумитаи Марказии Иҷроияи ҶМШС Қирғизистон итоат мекунанд» дохил карда шаванд [2]. Соли 1940 ба Сулукта мақоми шаҳр дода шуд. Дар айни замон, Сулукта шаҳри тобеи вилоят аст.

Шаҳр дар шохаҳои шимолии қаторкӯҳи Туркистон, дар баландии 1380 м аз сатҳи баҳр, 150 км ғарбтар аз маркази вилоят - шаҳри Бодканд (дар паҳлӯи Сулукта - ноҳияи Лейлек, вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҷойгир аст - Бодканд ), дар масофаи 950 км аз маркази ҷумҳуриявӣ - шаҳри Бишкек воқеъ аст. Шаҳрро роҳи оҳани камбари Сулукта (47 км) бо истгоҳи Пролетарски Ҷумҳурии Тоҷикистон мепайвандад. Аз он ҷумла 9 км дар қаламрави Тоҷикистон ва 38 км - дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон воқеъ мебошанд. Дар шаҳр 3 истгоҳ - Товарная (асосӣ), Макаевка ва Восточная мавҷуданд.

Давраи зимистон чандон дароз нест. Баҳор ва тирамоҳ дар 10 соли охир сербориш, тобистон хушк ва гарм буданд.

Аксҳои шаҳр

[вироиш | вироиши манбаъ]